ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Нодирамоҳ Қадамшоева, модари Далер ва Давлат субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз солгарди навбатии зодрӯзаш даргузашт.
Умр агар вафо мекард, Нодирамоҳ Қадамшоева 15-уми сентябри соли равон 97-сола мешуд, хабар доданд наздикони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон.
Марҳум Қадамшоева, ҳамсари Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, ки ду ситораи рахшони санъат – Далер Назар ва Давлат Худоназарро ба воя расондааст. Ӯ дар рӯзе дунёро падруд гуфт, ки 60 сол қабл дар ин рӯз Далер Назаровро ба дунё оварда буд. Маросими видоъ бо марҳум дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёд аз даргузашти модари Далер ва Давлат изҳори ҳамдардӣ карда, ба хонавода сабри ҷамил хостаанд.
Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт Далер Назаров 8 сентябри соли равон 60-умин солгарди мавлудашро таҷлил кунад.