Табрикоти Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон

Эммануэл Макрон президенти Фаронса ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ равон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Макрон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо иди миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намудааст.

Номаи Аълоҳазрат Оқохони IV ба Эмомалӣ Раҳмон

Гуфта мешавад, ки дар барқияи табрикотии Эммануэл Макрон чунин омадааст: "Ҷаноби Президент, ба муносибати Рӯзи миллии Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Фаронса табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.

Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо  минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.

Номаи Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд,  муваффақомез буданд.

Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан –Батист Лемуан ба Тоҷикистон дар таърихи 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориҳоямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо  чунин ҷараёни  хубро дастгирӣ хоҳем кард.

Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи  мушаххаси моро оид ба мавзуоти мавриди манфиатҳои умумӣ тақвияти бештар хоҳад бахшид.

Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам".