Нурсултон Назарбоев озими Маскав шуд

Нахуст раисҷуҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як сафари корӣ барои чанд рӯз озими шаҳри Маскав шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вориди Русия шудааст, хабар медиҳад котиби матбуотӣ  Айдос Укибай дар сафҳаи худ дар  Twitter.

Интизор меравад, дар ҷараёни сафари худ Назарбоев бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидор ва гуфтугӯй намояд.

​Зимнан Назарбоев тасмим гирифтаст дар доираи сафари худ ба Русия аз гурфаи  Қазоқистон, ки дар ВДНХ ҷойгир аст, дидан кунад.

Нашри суруд ва намоҳанги Нурсултон Назарбоев - Видео

Гузашта аз ин собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар маъракаи идонаи бахшида ба рӯзи шаҳри Маскав низ иштирок мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки сафари Нурсултон Назарбоев ба Русия аз 6 то 7 уми сентябр давом мекунад.