ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бар хабари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои ронандагоне, ки дорои тахассуси "Д" озмуни ҷойи кор эълон шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии( ККВД) "Автобус-1", "Автобус-2" ва "Автобус-3"ронандагони соҳибтаҷрибаро ба кор даъват намудааст.
Зикр мегардад, ки бартарият аслан ба ронандаҳое, ки дорои тахассуси "Д" мебошанд, дода мешавад.
Гузашта аз ин намояндагони Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатӣ эълон доштаанд, ки таҷрибаи кории ронандагон набояд аз 5 сол кам бошад.
Эълони Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои ишғоли мансаби холӣ
Хоҳишмандон метавонанд, ба идораи корхонаҳои мазкури шаҳри Душанбе барои ишғол намудани кор муроҷиат намоянд.