Ҷаласа дар ҳукумати Душанбе: тоҷикон собит месозанд, ки таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин буданд

Масъулини шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда, паёми шодбошии раиси пойтахт, Рустами Эмомалиро шуниданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр паёми шодбошии Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокчиён расондаст.

Аз даромаду дин то интернету дахлнопазирии Президент: 310 суоле, ки дар шаҳрдорӣ мепурсанд

Манбаъ афзуд, дар ҷаласа таъкид шуд, ки истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Зикр шудааст, ки таҳти сарварии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

“Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат бо маром идома дорад”, - изҳор доштааст котибот.

Шаҳрдорӣ ба роҳбарияти “Боғи ҳайвонот”: ба шумо муҳлат камбудиҳоро зуд бартараф кунед

Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону ашхоси бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Таъкид шудааст, ки таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардид.

Масъулини пойтахт изҳори боварӣ кардаанд, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ корҳои ободониро вусъати бештар бахшида, Душанберо, воқеан ҳам, ба шаҳри зебову пешрафта табдил дода, собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.