Тоҷикистониён 7 сентябр аз ду ид ҷашн мегиранд

Фардо, 7-уми сенябр, бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои "Меҳргон"-и пойтахт Иди харбуза ва тарбуз баргузор мегардад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон. дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол баргузории идҳои харбуза, тарбуз ва асал дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар пойтахт Иди тарбузу харбуза баргузор мегардад

Манбаъ меафзояд, дар робита ба пешвоз гирифтани ин ид аз оғози моҳи август дар тамоми  қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза ва тарбуз гузаронида шуд.

Панҷ ҷашн дар 1 рӯз дар Хуҷанд: Раҳмон ба ошхуру палавхури беҳтарин пул дод

Беҳтарин харбузаю тарбузпарварони мамлакат ба  шаҳри Душанбе роҳхат  гирифта, пагоҳ маҳсулоти кишоварзии худро  ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Сокинони Душанбе ба ҷашнвораи "Оши палав" даъват мешаванд

Аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешавад, 230  навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.