ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Швейтсария, ки тавассути фаъолияти самарабахши Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, амалӣ мегардад, изҳори сипос кардааст.
"Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, тағйирёбии иқлим, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, волоияти қонун, инчунин рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва хусусиро муҳокима намудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат, таъкид гардидааст.
Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдид ва рушди Урупо, изҳори қаноатмандӣ гардида, ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкории зичу пурсамари ҳукуматҳоро оид ба муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои харобиовари терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳокима кардаанд.