ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Пасттарин сатҳи шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА бо такя ба Бонки Ҷаҳонӣ.
Манбаъ бо такя ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ – “Кумак ба тавони рушди Тоҷикистон”, танҳо 27 дарсади мардуми кишвар шаҳрнишин мебошанд. Коршиносони бонк таъкид мекунанд, ки аксарияи аҳолии Тоҷикистон деҳнишин мебошанд .
Созмонҳои байналмилалӣ иброз мекунанд, ки ҳарчанд беш аз 53 дарсади мардуми қобили кор дар кишоварзӣ машғули коранд ва чаҳоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз кишоварзӣ ташаккул меёбад, ҳамагӣ 7 дарсади замини Тоҷикистон қобили киштукор аст.
Беш аз 70 дарсади мардуми кишвар дар деҳ зиндагонӣ мекунанд ва корҳои мавсимӣ ва дар аксари ҳол кишту кор дар панбазорҳо ягона корест, ки барои он музд медиҳанд.
Қаблан Ожонси омори Тоҷикистон бо нашри раддабандии музди кор дар бахшҳои гуногуни кишвар, кормандони хоҷагии қишлоқро аз ҷумлаи онҳое хонд, ки пасттарин маош мегиранд.