ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷамъбасти намоишгоҳ ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои дар доираи он баргузоргардидаро табрик гуфт.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, дар номинатсияи “Ношири муваффақ” ҷойи якум ба нашриёти “Адиб” барои китоби “Куллиёт”- и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, ҷойи дуюм ба ҶММ “Хуросон” барои китоби “Осори Устод Рӯдакӣ”, ҷойи сеюм ба нашриёти “Ношир” барои китоби “Гулафшони шеър”-и С.Есенин сазовор дониста шуд.
“Дар номинатсияи Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон бошад, ҷойи якум насиби Мирзоамин Мирсаидзода барои китоби “Душанбе - қалби Тоҷикистон”, ҷойи дуюм лоиқи муаллифон Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов барои китоби “Военная история Таджикистана”, ҷойи сеюм сазовори нашриёти “Ношир” барои китоби “Тоҷикистон-Ӯзбекистон: дӯстии безавол” дониста шуданд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати фарҳанг.
Манбаъ афзуд, дар бахши сеюми озмун – “Муаллифи сермаҳсули сол” ҷойи якум барои силсилаи асарҳо ба муаллифон Мирзо Муллоаҳмад ва Садриддин Ҳасанзод муясар гардид. Ҷойи дуюмро Равшан Раҳмонӣ ва ҷойи сеюмро Латофат Кенҷаева ба даст оварданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба чанд нафар ташкилкунандагони фаъоли чорабинӣ нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Вориси Сино: Профессор Аҳмадов китобашро дар Узбакистон нашр кард
Инчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун бо диплом, инчунин муассисаҳое, ки дар ташкил ва тарғиби Нӯҳумин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” саҳми арзанда гузоштанд, бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қадр гардидаанд.