Ректор ба донишҷӯёни камбизоат дар Суғд кумакпулӣ дод

Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба 12 донишҷӯ кумаки молиявӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ин иқдоми Шарифзодаро иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа арзёбӣ кардааст.

Бунёди туркӣ ба 600 хонаводаи Тоҷикистон гӯшти қурбони тақсмим кард

Манбаъ афзуд, донишҷӯёне, ки аз ректор кумаки молиявӣ дарёфт кардаанд, аз оилаҳои ниёзманд будаанд.

“Муъмин Шарифзода донишҷӯёни ниёзмандро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба 12 нафар кӯмакпулӣ тақдим кард”, - омадааст дар иттилоия.

Роҳбари донишгоҳ ҳамзамон донишҷӯёнро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва такмили донишу малака даъват кардаст.

Раҳмон аз Қуръон мисол оварду гуфт, кӣ бояд қурбонӣ кунаду кӣ ҳаҷ равад

 Ба иттилои котиботи раиси Суғд, донишҷӯён низ дар навбати худ барои дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, саҳмашонро дар рушди ватан мегузоранд.