Расонаҳо: Доналд Трамп дар як ҳафта 328 дурӯғ гуфт

Як расонаи амрикоӣ навиштаст, раисиҷумҳури ин кишвар тайи 6 ҳафта, 328 иддаои хилофи воқеъ матраҳ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Шабакаи хабарии СНН рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз 8 июл то 18 август, тайи шаш ҳафта дар ҳар рӯз 7 иддаои дурӯғро матраҳ кардааст.

Ҳамсарашро чун саг ба наздаш хонд? хашми корбарони интернет аз амали Трамп - Видео

Бино бар ин гузориш, 23 дарсад аз дурӯғҳои Трамп дар бораи демократҳо, 18 дарсад дар бораи тиҷорат, 16 дарсад  дар бораи Чин гуфта шудааст.

Маликаи Бритониё Елизавета II аз Трамп шикоят кард

Мавзӯи муҳоҷират бо 13 дарсад дар мақоми панҷуми дурӯғҳои Трамп қарор гирифтаст.

Трамп 19 бор дар 6 ҳафта изҳор намудаст, ки  амрикоиҳо ҳазинаи ҷанги тиҷориро намепардозанд. Ин дар ҳолест, ки натоиҷи баррасиҳо дурӯғ будани ин гуфтаҳоро собит намудаст.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

Трамп фақат дар 15 август, 37 иддаои дурӯғро дар ҷараёни суханронии худ дар Ню Гэмпшир(New Hampshire) матраҳ кард.

Ин рекорди ҷолиби таваҷҷуҳ, фақат дар ду мусоҳиба, як суханронӣ ва гуфтугӯи 15 дақиқаӣ бо хабарнигорон ба қайд гирифта шудаст.