Нархи 1 халта орд дар Тоҷикистон аз 200 сомонӣ ҳам гаронтар шуд

Арзиши як халта орд дар Тоҷикистон, ки як ҳафта қабл бо нархи 180 сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун нархи он то 210 сомонӣ гарон шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҷаҳиши якборагии арзиши орд дар Тоҷикистон боиси нигаронии амиқи шаҳрвандони ин кишвар шудаст, хабар медиҳад агентии "Avesta".

Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад
Бар хабари манбаъ, агар ду ҳафта қабл сокинони ҷумҳурӣ як халта ордро бо арзиши 180 сомонӣ харидорӣ мекарданд, акнун нархи он якбора қиммат шуда то ба 210 сомонӣ расидааст.

Орд арзон мешавад: раисҷумҳур ба навсозии корхонаи бузурги истеҳсоли орд оғоз бахшид

Ҳамасола талаботи тоҷикистониён ба ин навъ маҳсулоти хӯрока то 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки наздики 1 миллион тонна дар худи ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад.

Гарон шудани арзиши орду гандум дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода буд, ки воридоти орд ва гандум ба Тоҷикистон афзоиш ёфтаст.

Парлумон сабукиҳо барои арзонии орду рушди футболро тасвиб кард

Ба иттилои манбаъ, давоми ҳафт моҳи соли равон воридоти ин навъ маҳсулоти хӯрока  дар муқоиса ба як соли пеш ҳудуди 9,5 ҳазор тонна бештар ба қайд гирифта шудаст.

Манбаъ меафзояд, дар ин давра ба Тоҷикистон беш аз 28.6 ҳазор тонна орд ба маблағи 6,8 милилон доллар  ворид шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад ба воридкунандагон ва корхонаҳои орд дубора сабукӣ диҳад

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамоно аз ҳама беш аз Ҷумҳурии Қазоқистон орд ва гандум харидорӣ мекунад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон наздики 500 ҳазор тонна гандум бо арзиши 197 доллар барои ҳар тонна ворид шудааст.