Коршинос: сабаби фақр дар Тоҷикистон Чин мебошад

Василий Колташов, мудири Маркази мутолеъоти сиёсиву иқтисодӣ тавзеҳ дод, ки чи тавр Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik.  Василий Колташов, мудири Маркази мутолеъоти сиёсиву иқтисодӣ, мегӯяд, ки ҷанбаи содиротии иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба бозори Чин дорад, вале ҳамин ҷанба омиле аст, ки бозори Тоҷикистонро аз густариш боз медоронад.

Коршинос таъкид намудааст, ки манфиати тиҷории Тоҷикистон ҳоло ба истихроҷи канданиҳои фоиданок равона шудааст, на ин ки ба рушди бозори миллӣ. Бояд ин соҳа рушд ёбад ва ҷойҳои кории мақбул ташкил карда шавад.

Коршинос: сабаби фақр дар Тоҷикистон Чин мебошад

Коршинос Колташев афзуд, ки бояд саноати сабук рушд ёбад то тавонад бо молу колоҳои Чиндар бозори дохилӣ рақобат кунад.

Вай аз пур шудани бозори дохилии Тоҷикистон аз молу колоҳои арзони Чин зикр кард ва гуфт иллати фақр дар кишвар ҳамин аст.

Тоҷикистон мехоҳад мақоми кишвари нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авросиёро ба даст орад

“Тамоми кор анҷом дода шудааст ва ҳамаи ҷойҳои корӣ пур шудаанд. Аммо ҷойҳои корӣ берун аз марзи Тоҷикистон дар дигар кишвар ҳастанд  – дар Чин”, - ишора кард коршинос.

Коршинос вазъи кунуниро мушкил донист: Тоҷикистон наметавонад ба кохонаҳои худ воридоти ашёро аз хориҷӣ маҳдуд кунад ва ҳамзамон дар савдои хориҷиаш ба Чин такия намояд.

Колташев барои ҳалли ин мушкилот танҳо як роҳро мебинад. Тоҷикистон бояд зичтар бо Русия ҳамкорӣ намояд ва хавфу оқибатҳои воридшавӣ ба Иттиҳодияи иқтисодии АврОсиёро таҳлил намояд.