Театри мусиқии бачагонаи ҳунармандони ҷавони Маскав ба Тоҷикистон меояд

Ҳунармандони ҷавони Маскав барои тамошобинони Тоҷикистон намоиши мусиқии “Афсонаҳо дар мавзӯи Дунаевский”-ро таҳия намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Намоиши театри мусиқии бачагонаи ҳунармандони ҷавони Маскав дар театри мусиқӣ-драмавии ба номи  Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барргузор мегардад, иттилоъ додааст сомонаи расмии Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд.

Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад

Бино бар иттилои манбаъ сафари ҳунарии хайриявии Театри мусиқии бачагонаи актёрони ҷавони Маскав таҳти сарварии роҳбари бадеӣ-Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Александр Фёдоров рӯзи 8 сентябри соли равон баргузор мегардад.

Сафар аз ҷониби ташкилоти “Росссотрудничество” бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Русия сурат гирифтааст.

Мақсад аз баргузории сафари ҳунарии Театри мусиқии бачагонаи актёрони ҷавони Маскав ба Тоҷикистон тарғиби  фарҳанги Россия дар қаламрави Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Сербия будааст.

 Дар доираи сафари ҳунарӣ театр намоиши мусиқии “Афсонаҳо дар мавзӯи Дунаевский” — ро бахшида ба 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузарги Ватанӣ пешкаш менамояд.

Намоиши театри мусиқии бачагонаи ҳунармандони ҷавони Маскав комилан ройгон аст ва ҳар касе хоҳиш дошта бошад метавонад аз он тамошо намояд.

Инчунин, театри мазкур намоишҳои худро то 4 октябри соли равон дар Узбакистон, Қазоқистон ва Сербия намоиш хоҳад дод.