Барномаҳои идона муайян шуд: дар Хуҷанд Истиқлолиятро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд

Барномаҳои идона аз санаи 2-уми сентябр оғоз ёфта то 9 –уми сентябри соли равон идома хоҳанд ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тибқи як қарори Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаву идораҳои шаҳр новобаста ба шакли моликияташон таҷлил карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.

Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият

Тавре манбаъ қайд намудааст, чорабиниҳои идона аз санаи 2-уми сентябр оғоз то 9 –уми сентябри соли равон идома меёбанд.

“Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон санаи 5-уми сентябри соли равон дар Кохи “Суғдиён” сурат мегирад. Худи ҳамин рӯз ба 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни ҷомеаи шаҳр Ифтихорномаи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешавад”, таъкид дошт манбаъ.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба 28 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барномаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия шуда, масъулини дахлдор муваззаф гардидаанд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар остонаи Рӯзи Истиқлолият ашхоси камбизоат, ятимон ва бепарасторон мавриди айёдат қарор дода мешаванд.

“Бахшида ба солгарди навбатии Истиқллияти Тоҷикистон гузаронидани нишасту ҳамоишҳои илмӣ дар муассисаҳои таълими миёнаву махсус ва олӣ дар назар дошта шудааст”, - афзуд манбаъ.

Санаи 9-уми сентябр дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр чорабииҳои оммавӣ бо барномаҳои фарҳангӣ сурат мегирад.