ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Размоиши навбатии Тоҷикистону Узбакистон дар манотиқҳои кӯҳии Ҷумҳурии Узбакистон баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Бар хабари манбаъ, дар размоиши мазкур ҳудуди 200 низомии Тоҷикистон иштирок мекунанд ва тамрини ҳарбӣ тӯли 5 рӯз давом хоҳад кард.
Файзов ва Шералӣ Мирзо машқҳои муштарак бо Чинро муҳим хонданд
Котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимов мегӯяд, размоиш аз ҳафтаи оянда шурӯъ шуда, наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои Вазорати мудофиаи Узбакистон амалҳои таълимиву ҷангиро оиди ошкор ва маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Намангон мавриди омӯзишу таҷриба қарор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки нахустин тамринҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон рӯзҳои 18-22 сентябри соли 2018 дар қароргоҳи маркази таълимии "Чоруқдаррон" ва машқгоҳи "Нурафшон" дар вилояти Суғд баргузор шуданд.
Беш аз 5 ҳазор низомӣ бо мушакҳо ба Тоҷикистон меоянд
Он замон низ низомиёни ҳарду кишвар амалҳои муштаракро зидди гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзиши санҷиш ва таҷриба қарор дода буданд.