Дар рӯдхонаи Вахш боз як ниругоҳи барқи обӣ сохта мешавад

Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сохтмони як ниругоҳи нави барқи обиро пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сохтмони ҳаштумин ниругоҳи нави барқи обиро дар рӯдхонаи Вахш, ки дар фосилаи ҳудуди 12 километр поинтар аз маҳалли сохтмони ниругоҳи Роғун воқеъ хоҳад шудро ироа карданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТоҷикТА.

Чархаи дуюми НБО Роғун ба таври озмоишӣ ба кор андохта шуд

Ниругоҳи Шӯроб бо тавоноии тавлиди 862 мегаватт барқ ҳаштумин ниругоҳ хоҳад буд, ки бар рӯйи рӯдхонаи Вахш сохта мешавад.

Бар асоси ин гузориш тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Шӯроб, ки хароҷоти сохти он наздик ба 1 миллиард доллар ҳисоб шудааст, аз сӯи ширкати алюминиии Тоҷикистон ироа гардида, ки ҳадаф аз ин иқдом беҳбуди авзоъи молии ин ширкат унвон мешавад.

Ниругоҳи барқи обии Шӯроб бо садди хокӣ бо баландии 83 метр ва 77 миллион метр мукааб мизони захираи об пушти ин сад, дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе воқеъ хоҳад шуд, ки солиёна наздик ба 3 миллиарду 200 миллион киловатт соат барқ тавлид хоҳад кард.

 Тайи солҳои мухталиф бар руи рӯдхонаи кӯҳистонии Вахш дар Тоҷикистон ниругоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд, Бойғозӣ, Шар-Шар, Марказӣ, Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 сохта шудааст. Ҳамчунин ниругоҳи барқи обии Роғун акнун бар рӯй ин рӯдхона дар ҳоли сохт аст.