Бонки миллӣ: ҶДММ “БЭСТ” се сол фаъолияташро идома медиҳад

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии тоҷикистон ба ҶДММ “БЭСТ” барои фаъолият ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “БЭСТ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “БЭСТ” ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ ба ташкилоти “Суғуртаи аввалини миллӣ” иҷозатномаи нав пешниҳод кард

Тавре манбаъ қайд намудааст, иҷозатномаи мутобиқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллӣ аз санаи 30 августи соли равон ва дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва мутобиқи моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дода шудааст.  

Иҷозатнома ба ҶДММ “БЭСТ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “БЭСТ” ба муҳлати 3 (се) сол дода шуд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ доир ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон низоми ба ширкати молиявии амрикоӣ MoneyGram Payment Systems, Inc. барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати се сол иҷозатнома дод.