Бонки ҷаҳонӣ гуфт, кӣ ба рушди интернет дар Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши вижа таъкид намуданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гунаҳгори монеи ворид шудани сармояҳои бахши хусусӣ ва рушди интернет дар кишвар шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба рушди соҳаи интернет дар Кишвар монеъа эҷод мекунад, гуфта шудааст дар гузориши вижаи Бонки Ҷаҳонӣ.

Ба роҳбарони Хадамоти алоқа ва Вазорати энергетика чӣ суол доред? 15 июл посух медиҳанд

Дар гузориш гуфта шудааст, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ҳайси таъйинкунандаи сиёсати арсаи мухобирот ва ҳам соҳиби "Тоҷиктелеком" монеи ворид шудани сармояҳои бахши хусусӣ ва рушди интернет шудааст.

“Давоми чандин сол аст, ки Хадамоти алоқа намегузорад, ки ширкатҳо ба самти Чин ва Афғонистон ноқилҳои нурӣ (оптикӣ) бикашанд. Чун ин гуна хатҳо метавонист хароҷотро кам ва ҳам суръату сифати интернетро беҳтар кунад”, -қайд намудааст Бонки Ҷаҳонӣ.

Инчунин, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки соҳаи алоқа дар Тоҷикистон, ки дар оғози солҳои 2000-ум сарчашмаи рушди бо суръат ва рақобати шаффоф буд, ҳоло рақобатпазириашро аз даст додааст. Чунки дар ин соҳа бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад.

"Хадамоти алоқа худ сиёсати соҳаи мухобиротро таъйин мекунад ва дар айни замон соҳиби ширкати "Тоҷиктелеком" аст ва монеи вуруди сармояҳои хусусӣ ва рушди интернет шудааст", - омадааст дар гузориш.

Бонки Ҷаҳонӣ аз чанд иқдоми охири Хадамоти алоқа низ ёдовар шудааст, ки боиси монеъа эҷод намудани рушди соҳаи алоқа дар Тоҷикистон шудааст.

Суҳбати муовини Бег Сабур дар бораи сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав

Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва водор кардани ширкатҳо ба хариди интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком", маҳдудият дар фурӯши симкорт, манъи алоқаи NGN ва алоқаи навъи - Voice over Internet Protocol ёдрас шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ боло бурдани андоз ва ҷорӣ намудани аксиз дар соли 2013 ва татбиқи қоидаҳои андозситонӣ нисбати ширкатҳои алоҳида сабаб шуд, ки ширкатҳо зарар диданд ва нақшаҳои сармоягузории худро дар Тоҷикистон бекор  карданд.  

Дар ниҳоят Бонки Ҷаҳонӣ эълон намудааст, ки Тоҷикистон аз рӯйи шароит ва санадҳои танзимкунандаи соҳаи мухобирот дар ҷаҳон дар ҷойи охир қарор дорад ва рейтинги рақобатпазириаш ба сифр шудааст.