ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар қоҳира сафири Русия Сергей Кирпиченко аз олам чашм пӯшид, иттилоъ додааст РИА Новости дар истинод ба дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Русия.
Сафири Русия дар Туркия кушта шуд
Сафир дар синни 68-солагӣ даргузашт.
“Субҳи имрӯз дар бемористони Қоҳира Сафири Русия дар Миср Сергей Вадимович Кирпиченко даргузашт”, - гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷаи Русия.
Коротченко: нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд муносибати Туркияро бо Русия бад кунанд
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар замони наздик бино бар марги сафир таъзиянома интишор карда мешавад.
Сабаби марги сафар то ҳол маълум нест.