Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият

Бахшида ба рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ситораҳои эстрадаи тоҷик сурудҳои беҳтарини худро ба сокинони пойтахти Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд кард.
Sputnik

 

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бахшида ба рӯзи Истиқлолият дар шаҳри Душанбе консерти бузурги идона баргузор мегардад.

Консерт бо иштироки ситораҳои тоҷик шоми 3-юми сентябр соати 19.00 дар Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии "Кули Душанбе" баргузор мегардад.

Дар консерти мазкур Баҳром Ғафури, Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Гурӯҳи Шамс, Суруш Холов, Зайнура Пулодова, Зулайхо Маҳмадшоева, Хуҷаста мирзовалӣ, Шуҳрат Сайнаков, Манижа Сабоҳ, Хайриддини Шариф, Дилшод Файзулло, Қурбон Алиев ва ғайра иштирок хоҳанд кард.

Тавре ташкилкунандагон эълон намудаанд, сокинонро шоми бофароғату гуворо зери оҳангу сурудҳои ҷолиб интизор аст.

Ёдрас мешавем, ки имсол аз 28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат тоҷикистониён давоми се рӯз истироҳат хозанд кард.

Қарор ва изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Се рӯзи истироҳатии тоҷикистониён дар арафаи рӯзи Истиқлолият

Зимнан, мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", санаи 9 сентябр рӯзи истироҳат эълон шуда, рӯзҳои пеш аз ин  7 ва 8 сентябр ба шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Пештар хабар дода будем, ки чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" доир мегардад, ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ тасмим гирифта буд, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вуруд ба чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии пойтахт ба таври ройгон сурат мегирад.

Гузашта аз ин бо тасмими Рустами Эмомалӣ  барои ятимони кул ва камбағалон, тамошо аз боғу осорхонаҳои пойтахт ройгон ба роҳ монда мешавад.