Супориши қатъии Умарзода ба зердастонаш барои муоинаи навхонадорон

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ба зердастонаш барои муоинаи никоҳшавандагон, муоширати хуби пизишкон бо беморон супоришҳои қатъӣ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Рӯзи 30 август, дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ баргузор гардидааст.

Вазорат: ҳеҷ вақт ба ташхиси бакорат дастур надодаем ва намедиҳем

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда оид ба масъалаҳои ҳолати хатнаи кӯдакон ва роҳ надодан ба хатнаи хонагӣ, ташкили ҳуҷраҳои алоҳида барои хатнаи кӯдакон, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, муоинаи тиббии наваскарон, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба сардорони раёсатҳо супоришҳо додааст.

Ҳамчунин Умарзода масъалаи кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳоро аз сардорони раёсатҳои мазкур пурсон шуда, вобаста ба масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, муоинаи мактаббачагон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, сафарбаркунии шаҳрвандон барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ додаааст.

Узбакистон ҳам никоҳи хешутабориро мамнуъ мекунад

Ёдрас мешавем, ки 1 июли оли 2016 дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ мамнӯъ шуд.

Табиб: нақшаи оиладорӣ Тоҷикистонро аз никоҳи хешу таборӣ наҷот медиҳад

Ҳамин тавр тибқи қонун, издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон, фарзандони амаку тағо манъ карда мешавад.

Ҳадафи асосии қонун дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ кам кардани шумораи кӯдакони маъюб, ки аксари онҳо дар натиҷаи никоҳи хешу таборӣ ба дунё меоянд, дониста мешавад.

Илова бар ин қабл аз хонадор шудан навхонадорон бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.