ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе пешниҳод кард, ки Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
“Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакатро оид ба ин масъала таҳия ва пешниҳод намояд”, -супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур афзуд, ки ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
“Хизмати давлатӣ бояд ба татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа нигаронида шавад. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем”, - зарур донист Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ барои олимону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатӣ муҳим хонд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанду дар ин замина барномаҳои гуногунро таҳия кунанд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати татбиқи нақшаи ҳукумати электронӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб барои амалисозии ин мақсад саъю кӯшиш намоянд.