ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон бо шароити муассиса ошно шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намудааст ва онҳоро ба Рӯзи дониш таҳният гуфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бинои мазкур бо назардошти норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин туҳфаи Ҳукумат дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.
Феълан дар таълимгоҳ 95 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, 80 фоизашонро бонувони соҳибмалака ташкил медиҳанд ва ифтитоҳи бинои иловагӣ шароиту имконоти онҳоро барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия хубтар намуд.
"Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ самаранок истифода баранд", - омадааст дар хабарнома.
Дар маҷмӯъ то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.