Зани 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил доду бар иваз 150 сомонӣ мегирифт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки манзили истиқоматияшро ба фоҳишахона табдил додаст
Sputnik

Ба навишати ВУД, кормандони милитсия сокини 26 - солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Милисаҳои Душанбе мулоқотҳои маҳрамонаи пулакии зани 42 ва марди 25-соларо ошкор карданд

Гуфта мешавад, номбурда, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 29-уми августи соли равон барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 26-сола ва зани 23-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Хона аз 250 то 500 сомонӣ барои алоқаи ҷинсӣ: дар пойтахт боз як фоҳишахона ошкор шуд

Зимнан соҳибхоназан худи ҳамон рӯз хонаи истиқоматиашро дар ихтиёри ду сокини пойтахт: марди 25-сола ва зани 34-сола барои алоқаи ҷинсӣ гузошта бар иваз аз онҳо 150 сомонӣ гирифтааст.

Бо ин қаноат накарда бори саввум низ манзилашро дар ихтиёри муштариёнаш гузоштаст. Ин навбат хонаашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 21-солаи сокини кӯчаи Хуҷамбиёи поёни шаҳри Душанбе  супорида аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Зану мардро бар ивази 1600 сомонӣ шинос мекард: боздошти зани 21 сола барои даллагӣ

ВУД Тоҷикистон меафзояд, ки феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.