Санҷиши мақомоти қудратӣ барои аз худ кардани замин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ноҳияи Рӯдакӣ 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рӯдакӣ 376  ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин ошкор гардидааст.

Аз ин шумора 287 ҳолат истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  ҳуқуқи истифодаи он мебошад. Дар ин бора сардори идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ  Ҷунайдулло Файзализода ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Раиси Ваҳдат дар бораи буҷа, нақзи қонунгузории замин ва истеҳсолот

Тавре пештар иттилоъ дода будем, бо карори суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ҷамоати Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ Саидқул Ҷониқулов барои худсарона ишғол намудани замини марбут ба хоҷагии ёрирасони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дар он сохтани манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории мамлакат гунаҳгор дониста, аз ӯ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Аз 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 парванда ба Прокуратураи ноҳия ва 12 парванда ба Суди ноҳия ирсол  гардидааст. Дар маҷмӯъ, 376 нафар қонунвайронкунанда ба маблағи 164 ҳазору 10 сомонӣ ҷарима шуда, 304 ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф гардид.

Аз ин рӯ масъулини назорати истифодаи замин дар ноҳияро зарур аст, ки дар давраи аввали худсарона ишғол кардани замин ё ин ки сохтмони худсаронаи хона бо истифода аз чораҳои дар қонун пешбинишуда қонунвайронкуниҳоро пешгирӣ ва бартараф намоянд.

Мутобиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз ин ҷиҳат истифодаи самараноку оқилонаи замин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, шарти асосии баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошад.