ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд духтари 13 - сола зери қатора мондаст, хабар медиҳад сомонаи Suqdnews.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар қисмати марказии шаҳр ба вуқӯъ омадаст. Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи қатораро убур кунад, вале ин замон зери қатора дармонд.
Қатори "Маскав-Душанбе" сокини пойтахтро пахш кардааст
Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин ду[тарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ қатораро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.
Духтари 13 - соларо фавран ба бемористони шаҳри Бӯстон ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Пизишкон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Навори садамаи мудҳиш дар вилояти Владимир: аз автобус чӣ боқӣ монд?
Манбаъ меафзояд, феълан додситонии шаҳри Бӯстон ҳодисаи мазкурро мавриди тафтиш қарор додааст.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе ҷавони 18 сола зери қатора монд ва дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дод.