Муҳоҷири тоҷикистониро барои интиқоли маводи мухаддир 13 сол равонаи зиндон намуданд

Пулиси Нижний Новгород як муҳоҷир аз Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки дар интиқоли маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Додгоҳи Нижний Новгород як шаҳрванди Тоҷикистонро барои фурӯши маводи мухаддир ба мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти додситонии ин вилоят.

Дар Брянск муҳоҷири тоҷик ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд

Зимни баргузор намудани корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки шаҳрванди тоҷикистонӣ тирамоҳи соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Ленин дар чанд ҷой маводи мухаддирро пинҳон намудаст.

Дар Самара як тоҷикистониро барои интиқоли 25 кило героин 12,5 сол зиндонӣ намуданд

Манбаъ меафзояд, ки номбурдаро кормандони пулис аснои пинҳон кардани маводи мухаддир  боздошт намуданд.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ шаҳрванди Тоҷикистонро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо вобаста ба паҳн кардани маводи мухаддир гунаҳкор дониста, ӯро равонаи зиндон намуд.

Дар Русия ба ду шаҳрванди ҷавони тоҷик 20 соли ҳабс таҳдид мекунад