Зуҳуров бо сафири Эрон густариши бештари ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Зимни дидору гуфтугӯи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумолнӣ баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Имрӯз, дар бинои парлумони Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Шукурҷон Зуҳуров Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Вазири нерӯи Эрон аз рафъи монеаҳои ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе таъкид кард

Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Эрон ва робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла парлумони касбии мамлакат ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон,  дар фаъолияти дипломатияш комёбиҳо орзу намуд.