Хатсайри нав: роҳандозии парвози Машҳад-Теҳрон-Душанбе

Баъд аз барқарории парвози Кеш аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ, шаҳри Теҳрон мудири кулли ширкати “Шаҳри фурудгоҳии Имоми Хумайнӣ” аз роҳандозии масири парвози Машҳад – Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ – Тоҷикистон ва баръакс хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ахиран Алии Рустамӣ, мудири кулли ширкати “Шаҳри фурудгоҳии Имоми Хумайнӣ” ба хабарнигори ИРНА таъкид намудааст, ки парвоз ба унвони парвози иттисолӣ рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта аз Машҳад ба фурудгоҳи Имом меояд ва мақсади баъдии ин парвоз Тоҷикистон хоҳад буд.

Ширкати “Тоҷик эйр” парвозҳояшро ба Эрон барқарор кард

Вай хабар дод, ки душанбеи ҳафтаи оянда нахустин парвоз дар масири Машҳад – фурудгоҳи Имом – Тоҷикистон бо ширкати ҳавопаймоии “Вориш” барқарор мешавад.

“Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки парвозҳои хориҷӣ доранд, барои он ки ҳавопайморо холӣ ба фурудгоҳи Имом интиқол надиҳанд, метавонанд барои фурӯши парвозҳои дохилӣ барномарезӣ кунанд”, - қайд кардааст мудири кулли ширкати “Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ”.

Ин тасмим дар пайи ифтитоҳи тарминали “Галерея салом”-и Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ ва интиқоли бахше аз парвозҳои байналмилалӣ ба ин тарминал, ки зарфияти ҷадидеро дар тарминали яки ин маҷмӯа эҷод кард, иттихоз шуд.

Ёдрас мешавем, ки 5 июн бори аввал баъди танаффус  ҳавопаймои "Вориш Эйрлайнз"-и Эрон 90 мусофирро аз Машҳад ба Душанбе расонид.
Пештар мақомоти Тоҷикистон ба ин ширкати эронӣ иҷозат дода буданд, ки миёни Тоҷикистону Эрон парвоз анҷом диҳанд.

Истиқболи ботантана аз мусофирони Эрон дар фурудгоҳи Душанбе

Ҳамчунин ин ширкат чанд мусофри дигарро аз Душанбе ба Машҳад бурд.

Арзиши билети рафту баргашти парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе ҳудуди 2500 сомонӣ (250$) ва масири яктарафа, ҳудудан 1700 сомонӣ  ё 170$ долларро ташкил медиҳад.

Инчунин қаблан мудири кулли фурудгоҳи Хуросони Разавӣ гуфт, барномаи парвози муназзами мусофирӣ миёни Машҳаду Душанбе бо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” оғоз шуд.