Раиси Хуҷанд; ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар хориҷ ва бозгардонии онҳо таваҷҷуҳ кунед

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ машварати васеъи корӣ баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Зимни машварати корӣ, раиси шаҳри ХуҷандСа ба масъулини дахлдор ҷиҳати барои бартараф намудани камбудиҳо ва баррасии мушкилоти маваҷуда дастуру супоишҳои махсус дод.

Генерал дар Хуҷанд ҳавзи шиноварии муоссирро ифтитоҳ кард

“Таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои босифат ва баризофагии нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти таъиноташ гуногун, тозаву обод намудани кўчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангию мавзеъҳои истироҳатӣ ва ғайра мебошад, ҷалб карда шуд, баҳри босифати корҳо масъулини дахлдор муваззаф гардиданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ барои равнақ бахшидан ба корҳои ободонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, азнавсозии ҷӯйборҳо, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, хизматрасонии босифати оби нӯшокӣ, таъҷилӣ баровардани партовҳо ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, дар машварати корӣ роҷеъ ба масъалаи таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва бозгардонидани онҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардида, таъкид гардид, ки дар ин самт раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва сохторҳои марбута мақомоти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо мардум дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласа масъалини шаҳрро барои иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд.