Ҳукумати Тоҷикистон барои интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ 80 миллион сомонӣ ҷудо мекунад

Интизор меравад барои таъмин намудани ҳазинаи молии баргузории интихоботи президентӣ ва парлумонӣ 80 миллион сомонӣ ихтисос дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудаст, ки барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ дар соли оянда, 80 миллион сомонӣ ҷудо карда шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни "интихобот"-ро имзо кард

Ба иттилои сомонаи ParsToday, интихоботи маҷлиси намояндагон моҳи марти соли 2020 ва зимнан интихоботи президентӣ низ моҳи ноябри ҳамон сол баргузор хоҳад шуд.

Аъзои комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон беҳизб мегарданд

Манбаъ меафзояд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов моҳи декабри соли равон таърихи баргузории интихоботи маҷлиси намояндагонро эълон мекунад.

Нозирони тоҷик барои иштирок дар интихоботи Қазоқистон дархост равон намуданд

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон давраи фаъолияти намояндагони маҷлиси қонунгузори кишвар ба мӯҳлати 5 сол буда, ҳамчунин давраи раисҷумҳурӣ низ 7 солро дар бар мегирад.