Қариб 24 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд

Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон  Русия танҳо дар соли хониши 2018-2019 барои Тоҷикистон 618 бурсияи таҳсилотӣ ҷудо кардааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Айни ҳол 23 ҳазору 791 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Таҳсил дар Индонезия: Шитобед то соҳиби бурсия гардед

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Новости гуфт, “Хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия сол то сол афзойиш меёбад ва ин боиси хушҳолӣ аст. Ба назари мо, сабаб ин дар он аст, ки дар миёни мардуми мо дар заминаи инсондӯстӣ анъанаҳои қадимии ҳамкории дӯстона пайдо шудааст, ҳамчунин, таҳсил дар Русия барои донишомӯхтагони мо маърурф шудааст”.

Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки Русия дар соли хониши 2018-2019 барои Тоҷикистон 618 бурсияи таҳсилотӣ ихтисос дод. Афзун бар ин, дар Тоҷикистон шӯъбаи  донишгоҳҳои НИТУ МИСиС, НИУ МЭИ, МГУ ва донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон фаъолият доранд.