ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса дар шаҳри Бохтар мошини “Опел-Вектра”, таҳти идораи марди 52-соларо нигоҳ дошта, ҳангоми санҷиш аз дохили мошин зарфу ҷуволҳои ҳомили моддаи бадбӯйро пайдо кардаанд.
“Аз автомашинаи мазкур 6 адад зарфҳои 50-литра, 1 зарфи 5-литра, 2-адад зарфи ғунҷоишаш 3-литра ва 12-адад линчаҳои гуногун, ки дохилашон пур аз маводи бадбӯйи монанд ба ба шираи камол буд, дарёфт ва гирифта шуд”, - омадааст иттилоия.
Манбаъ бо такя ба хулосаи ташхиси Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ-тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон афзуд, ки маводи мусодирашуда шираи сахтшудаи “камоли бадбӯй” буда, дар маҷмӯъ вазни холиси он 527 килограмму 500 граммро ташкил медиҳад.
ВУД таъкид намуд, ки алайҳи номбурда бар асоси моддаи 234 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, муомилаи ғайриқонунӣ бо шираи камол парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Феълан дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии шираи камол танҳо ширкатҳои “Фароз” ва “Мину-фарм” иҷоза доранд.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо шираи камол, ба миқдори калон, ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол пешбинӣ шудааст.