Соҳибкор бо пули худаш 6 километри роҳи ноҳияи Ҳамадониро мумфарш кард

Соҳибкор Абдулмуъмин Қурбонов дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ беш аз 6 километр роҳро аз ҳисоби худ мумфарш кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik.Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст, дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мумфаршкунии беш аз 6 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома доранд.

Турсуной Зокирова кӯчаеро дар зодгоҳаш мумфарш мекунад

Соҳибкор Абдулмуъмин Қурбонов иброз доштааст, ки аз ин роҳ 23 ҳазор аҳолӣ истифода мебаранд, ки дар 8 деҳаи ҷамоат зиндагӣ мекунанд.

“Аз сабаби таҷдиди сохтори хоҷагии қишлоқ ва дар заминаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ташкил намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонию инфиродӣ қисмати зиёди роҳҳо бесоҳиб монда, дар ҳолати бад қарор доштанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки барои беҳбудӣ бахшидан ба хоҷагии халқ роҳро мумфарш кунем” – таъкид доштааст соҳибкор.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Азимов раиси ҷамоати мазкур қайд намудааст, ки соҳибкорон баъди тахту ҳамворкунии роҳ, ки бо кӯмаки сокинони ҷамоат анҷом додаанд барои бо сифати баланд мумфаршкунии роҳ ширкати роҳсозии “Идеал-сервис”-и шаҳри Душанберо ҷалб кардаанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, роҳи мазкур маҳаллӣ буда, ба категорияи 4-ум дохил мешавад. Роҳсозон мақсад доранд 6 километру 300 метр роҳро то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода диҳанд.