Макони ва замони баргузории Фестивал-намоишгоҳи “Авто-ретро Душанбе” маълум гардид

Рӯзи 14 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии “Авто-ретро Душанбе” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Макони баргузории Фестивал-намоишгоҳ “Авто-ретро Душанбе” дар майдони “800-солагии Маскав”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт   муқаррар гардида, он аз соати  15:00 то 21:00 идома меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расида буд.

Аз "Запарожец" то "Mercedes": қарори Рустам Эмомалӣ аз баргузории "Авто-ретро Душанбе"

Ин Фестивал–намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд.

Меҳмонони намоишгоҳ имкон доранд аз  ретро-мошинҳои нодир “Победа”, “Москвич”, “Волга”, “Запарожетс”, “Лада”, “Volkswagen”, “Ford”, “Chevrolet” “Pontiac” ва албатта, “Mercedes-Benz дидан кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии “Авто ретро Душанбе” 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахт   дар Душанбе  баргузор шуда буд. Он дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофиз Шерозӣ баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши  пойтахт  гузашта буд.