Даҳшат: ситораҳои эстрадаю синамо чӣ гуна мебуданд, агар нашъаманд мешуданд - видео

Дар навори зер ситораҳои эстрада ва синамои Қирғизистон - Мирбек Отабеков, Ростислав Яшенко ва Орзубек Назаров нақш офаридаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Хадамоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Қирғизистон, навореро нашр кардааст, ки дар он симои ситораҳои "нашъаманд" - и Қирғизистон нишон дода шудааст.

Навор ба хотири аз байн бурдани нашъамандӣ ва тарғиби ҳаёти солим дар саҳифаи Инстаграм нашр шудааст.

Дар ин видео овозхон Мирбек Отабеков, ҳунарпеша Ростислав Яшенко, Актан Рискелдиев, раққоса Юлия Катанаева, муштзани машҳур Орзубек Назаров нақш офаридаанд.

Онҳоро чун нашъамандон рангу бор карданд ва вокунинашонро ба симои навашон, нишон додаанд.