Боздошти Давлатов бо иттиҳоми кордзании духтари 17-сола дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 23 август духтари 17-сола дар шаҳри Душанбе ҳадафи кордзанӣ қарор гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik.  Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд Ф.Давлатов хабар дод, ки дар кордзанӣ ба бадани духтари 17-сола айбдор мешавад.

Маҳбаси Русия дарс нашуд: дар пойтахт мард аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавонро ду корд зад

Ба иттилои манбаъ, санаи 23-юми августи соли равон ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд С.Эмомалиева, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе алайҳи шаҳрванд Ф.Давлатов шикоят кардааст.

Эмомалиева арз доштааст, ки санаи 22-юми августи соли 2019, тахминан соати 22:30 дақиқа дар кӯчаи Каҳҳоров, шаҳрванд Ф.Давлатов соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи маҳаллаи Лучоби ноҳияи Варзоб, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату куб намуда, бо корди дар дасташ буда, 2 бор ба узвҳои баданаш задааст.

“Дар натиҷа шаҳрванд С.Эмомалиева ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии “Истиқлол” бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.