Таърифи вазири тоҷик аз амалиёти Русия дар Сурия ва ҳушдор аз ҷангиён дар Афғонистон

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ташаннуҷи бештари авзоъ дар Афғонистонро пешгӯӣ карда, афзуд, ки он ба вазъияти геосиёсии минтақа таъсир хоҳад дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон зимни нишасти сарони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ дар Душанбе вазъ дар Афғонистонро мураккаб арзёбӣ намуда, афзуд, ки он майли ташаннуҷи бештар дорад.

Генерал Герасимов вориди Душанбе шуд

“Терроризми байналмилалӣ аз доираи гуруҳҳои ҷудогона берун шуда, ба нерӯи тавонои низомишуда ва шиддатбахшандаи танишҳои гуногуни этникию динӣ табдил шудааст. Ин воқеияти рӯз аст, ки мо дучори он шудаем”, - афзудааст Шералӣ Мирзо дар ҳузури сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ.

Ӯ афзудааст, ки вазъ комилан бе роҳҳал нест ва аз амалиёти низомии Русия дар Сурия зикр кардааст, ки ба гуфтаи вазири дифоъ нишон дод, ҷилавгирӣ аз густариши терроризм имконпазир мебошад.

“Ҳамзамон шикаст бархе аз ҷангиёнро водор кардааст, ки барои худ паноҳгоҳ ҷӯянду дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон ҷой бигиранд. Аз ин зовия вазъ дар ин кишвар мояи нигаронии махсус буда, таҳдиди воқеӣ барои амнияти дастаҷамъии мо мебошад”, - ҳушдор додааст вазири дифои Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо таъкид намуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии эътидолу амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.