Парванда ва 38,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи Салимов барои зӯрӣ ба сари нозири БДА – видео

Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кашмакаши Усмон Салимов, сокини ноҳияи Шаҳринав, ронандаи автомобили “Тико” бо нозири роҳ моҳи апрели соли равон сурат гирифта, навори он дар шабакаи интернет нашр гардида буд.

Бар асоси гузориш, нозирони роҳ бо мақсади санҷиши ҳуҷҷатҳои техникӣ мошини Салимовро нигоҳ доштаанд. ВУД афзуд, ки асноди ронанда норасоӣ доштаанд ва ӯ ба ҷои итоат ба қонун, обрӯй ва нуфузи нозирони роҳро паст задааст.

“Ронанда ҷои он, ки итоатгари қонун мебуд, баръакс бо дағалию суханҳои носазо дар ҷои ҷамъиятӣ обрӯй ва нуфузи нозирони роҳро паст зада, худро сохтакорона бемору беҳуш рӯи роҳ партофтааст”, - гузориш дод ВУД.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки барои таъмини адолат ва волоияти қонун дар ҷомеа чунин кирдори ронанда мавриди санҷишу тафтишот қарор дода шуда, алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғозу баъди анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол гардид.  

Рейди шабона: БДА "лексусрон"-ҳову "тайотарон"-ҳои қонуншикани Душанберо муайян кард

Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав бар асоси моддаҳои 328-и Кодекси ҷиноӣ – барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ба андозаи 200 нишондиҳанда, муодили 11 ҳазор сомонӣ ва бар асоси моддаи 330 – барои таҳқири намояндаи ҳокимият ба андозаи 500 нишондиҳанда, муодили  27 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

ВУД афзудааст, ҷавобгарии ҷиноии Салимов, ки маҷмуан ба андозаи 38 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, барои дигар ронандагони мағруру нописанд бояд дарси ибрат шавад ва набояд фаромӯш кард, ки зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.