Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, ки айни замон дар ИМА қарор дорад, бо нашри наворе паёми тоҷиконро ба Доналд Трамп "расонидааст"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик барои баргузории консерт дар остонаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Меҳрнигор бо нашри наворе дар саҳифаи инстаграми худ, дар назди акси бузурги президенти ин кишвар Доналд Трамп истода, паёми тоҷиконро ӯ "мерасоанд".

"Мо дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорем ва аз номи Тоҷикистон ба мистер Трамп саломи гарму ҷӯшон. Ассалом.", - мегӯяд Меҳрнигор ва бо шухӣ меафзояд, "лекин ман бо даст бо шумо салом намекунам".

Бояд гуфт, ки раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп бо дастфишории оҳанини худ машҳур аст. Бисёре аз сиёсатмадорон мушоҳида кардаанд, ки пешвои амрикоиҳо як одати ба худ хосе дорад.

Бо Раҳмон намешавад: чаро дастфишории Трамп бар раисҷумҳури Тоҷикистон асару таъсире накард

Лаҳзаи аҷиби дидори Трамп ва Путин: дастфишорӣ (НАВОР)

Вай ҳангоми вохӯрӣ дастони ҳамкасбонашро мефишораду ба тарафи худ мекашад ва бог ин қавиииродагии худро зикр мекунад.

Раҳмон ё Мирзиёев: кӣ дар муборизаи дастфишорӣ бо Трамп ғолиб баромад

Ахиран Меҳрнигори Рустам намоҳанги ҷадиди худро зери унвони “Дили ошиқ” пешниҳоди мухлисон карда буд. Намоҳангро, ки Меҳрнигор дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, аз ҷониби коргардон Лидия Андре таҳия шудааст. Муаллифи оҳанг худи Меҳрнигор ва матни суруд маҳсули эҷоди Орзу Исоев, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи Тоҷикистон мебошад.

Дар намоҳанг Меҳрнигори Рустам бо либосҳои гуногун дар мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла бо либоси сарӣ болои капоти мошини гаронарзиш ҳунарнамоӣ ва рақс мекунад.