Деҳқон буданд: Президент аз падараш гуфту котибот аксашро нишон дод – аксу видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафаробод аз ҳаёти гузаштаи оилавияш қисса карда, ин дафъа аз падараш ёд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навори суханронии Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи падараш нашр намуда, дар гӯшаи навор акси падари президентро низ намоиш дод.

“Падарам деҳқон буданд, дар ҷодаи мактаб хондан, илм омӯхтан, дар зиндагӣ ҳатто дар давлатдорӣ бисёр кумаку дастгирӣ мекарданд”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд, вақте падару модар ҳаст ба хизматашон, ба қадрашон, манзалаташон намерасем.

“Салом мегӯему медароем, хонаи хобамон, пеши келин. Намепурсем, падарҷон, чӣ хурдӣ имрӯз, аҳволат чӣ хел, саломатият чӣ хел? Ё модарҷон. Ё дасту пояшро сила кунем, дар паҳлӯяш шинем, суханҳояшро гӯш кунем. Зиндагӣ, Худо ҳаст кардаст, аз роҳи охират ҳам касе гурехтан наметавонад. Падару модар дар зиндагӣ ғаниматанд, ҳар касе дорад, давлати бузург аст”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон вақте фарзанд дуои неки падару модарро дорад, Каъба рафтан ҳам зарур нест ва далел овард, ки вақте суол мешавад, куҷо меравед, бисёриҳо мегӯянд, як қиблагоҳро хабар гирам.

Деҳқон буданд: Президент аз падараш гуфту котибот аксашро нишон дод – аксу видео

“Қиблагоҳ падарро мегӯянд. Ҳар инсони муъмину мусалмоне, ки иззату эҳтироми падару модари худро кунад, хизмати падару модари худро кунад, дуои неки падару модари худро гирад, на ҳаҷҷи Каъба даркор, на ҳеч чӣ. Қиблагоҳ мегӯем, қибла ҳамон Каъба аст. Қибла дар хона”, - таъкид намуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Падари Эмомалӣ Раҳмон – Шариф Раҳмон мебошад, ки соли 1992 пеш аз ба мақоми роҳбари давлат расидани писараш даргузаштааст.