Нигина Амонқулова дар бораи мусоҳиба бо рӯзноманигорон: "фақат мегурезем"

Ин нуктаро Нигина Амонқулова, сарояндаи номдори эстрадаи тоҷик дар барномаи "Муҳити зинда" зикр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Нигина Амонқулова, овозхони машҳури тоҷик гуфт, ки сарояндагони тоҷик доим аз мусоҳибадиҳӣ мегурезанд.

Ахиран дар барномаи навбатии "Миҳити зинда" Нигина Амонқулова меҳмон шуда, як суруди ҷадид зери унвони "Дили ман хонаи ту" ва се суруди пешин "Сӯзиш", "Бикун бовар", "Ту бигӯ ошиқаме" - ро бо овози зинда пешкаши мухлисонаш кард.

Дар ин барнома Нигина аз ҳаёту фаъолияташ нақл карда, иттилоъ дод, ки имсол албоми навашро дар консерти яккаи худ, ки мехоҳад, дар яке аз толорҳои барҳавои Душанбе баргузор кунад, пешкаши ҳаводоронаш хоҳад кард.

Ногуфтаҳои Нигина: намехоҳам шавҳарам зери таъсири моҷарое монад, ки атрофи ман месозанд

Дар охири барнома, ровӣ аз масъулиятшиносии Нигина зикр карда мегӯяд, ки дигар меҳмонони пешин агар як ё ду соат дертар ба барнома ҳозир шуданд, Нигина яку ним соат пештар ба барнома омад.

Нигина Амонқулова тарки Душанбе кард? - Видео

Нигина дар ҷавоб бо табассум мегӯяд, "мо нақша доштем ду соат пеш оем, вале каме дер кардем".

Дар ин росто, муҷрии барнома яке аз мушкилоти мубрами миёни рӯзноманигорон ва сарояндаҳоро ёдоварӣ карда, мегӯяд "овозхонон бояд фаромӯш накунанд, ки мусоҳибадиҳӣ як қисми кору фаъолияти онҳост, то алоқа миёни мардум, рӯзноманигорон ва сарояндаҳо гум нашавад".

"А мо фақат мегурезем", - розӣ мешавад, Нигина Амонқулова бо гуфтаи ровии барнома.

Ҳамчунин дар ин барнома Нигина Амонқулова иттилоъ медиҳад, ки мехоҳад бо албоми наваш ба кишварҳои Урупо ва Австралия сафари ҳунарӣ дошта бошад.

Нашри суруд ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова бо чакани Хуршед Сатторов-видео

"Муҳити зинда" барномаи фарҳангиест дар "Радиои нав", ки ҳадаф дорад ҳунари сарояндагии овозхонони тоҷикро тариқи зинда сароидан бисанҷад.