ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур 5 - уми феврали соли равон тахминан соати 13:00 дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом рух додаст.
Ба иттилои манбаъ, сокини деҳаи Диловарон, Каримов Тоҳирҷон дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш Каримова Мавҷуда ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагидорӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон ду маротиба задаст.
Сокини Қайроқум дар ҳолати мастӣ зани 41- соларо корд зада кушт
Манбаъ менависад, ки дар натиҷа Каримова аз ҳисоби ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Зимнан, Додситони шаҳри Конибодом нисбати Каримов тибқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда ба додгоҳ фиристодааст.
Бо қарори Додгоҳи шаҳри Конибодом, Каримов дар содир намудани ҷинояти куштор гунаҳкор дониста шуда ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Дар Истаравшан падари 33 - сола писари ноболиғи худро 10 корд зад
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Ваҳдатро низ барои кӯшиши қатл намудани зан ва кӯдаки навзодаш ба 15 соли зиндони низомаш пурзӯр равона кард.