Дар Тоҷикистон 9 - умин Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" баргузор мешавад

Интизор меравад 9 - умин намоишгоҳи байналмиллалии "Китоби Душанбе" дар маркази Тоҷикистон баргузор шавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 4 то 6 август Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" баргузор мешавад.

Омӯзгор Фарзона Темурова дар Ёвон беҳтарин китобхон дониста шуд
Бар хабари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур маротибаи 9 - ум мешавад, ки дар Тоҷикистон  доир мегардад.

Рассом озод аст: вазир фикрашро дар бораи тасвири бонуи урёни тоҷик ва ҳамҷинсгароӣ гуфт

Гуфта мешавад, намоишгоҳи байналмилалӣ дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат мегирад ва дар ҷараёни он ширкатҳои таъбу нашри хориҷӣ ва ватанӣ, маҳсулоти чопӣ ва таҷҳизот барои нашрро ба намоиш мегузоранд.

Бояд қайд намуд, ки дар 8- умин намоишгоҳи байналмиллалии "Китоби Душанбе" намояндагони 15 кишвари дунё, беш аз 20 ҳазор намунаи китобҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гулрухсор: ҳар як фарди тоҷик бояд китоби Айниро дошта бошад

Зимнан намояндагони  Вазорати фарҳанг дар доираи номоишгоҳи мазкур озмунҳо аз қабили "Ношири муваффақ", "Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон" ва "Муаллифи сермаҳсули сол"- ро мегузаронанд.