Аз мактаб то кӯдакистон: Раҳмон дар Яхтан иншооти соҳаи маорифу тандурустиро ифтитоҳ кард

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар як қатор иншоотҳои муҳимро ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯстӣ”-ро мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 — ро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ кард.

Бинои мактаб соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд.

Бо мақсади ба шароити имрӯза ҷавобгӯ намудан биною иншооти муассиса пурра навсозӣ карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаи таълимӣ ва суҳбатҳо бо муаллимону хонандагон ва падару модарон таъкид намудааст, ки бунёду навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дар даврони соҳибистиқлол мебошад, зеро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони донишманд ниҳоят муҳим буда, ҳукумати мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф афзалият ва диққати махсус медиҳад.

Бо сафари Раҳмон Мастчоҳ чӣ гуна шуд - гузориши аксӣ

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ маркази саломатии деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои аҳолии деҳаҳои Яхтан, Хуҷатоҳир ва Бахти ҷамоати деҳоти Яхтан хизмати тиббӣ мерасонад.