ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 20-уми августи соли ҷорӣ ба идораи милиса, Холмуродов Эраҷ, истиқоматкунандаи 35-солаи кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт муроҷиат карда, аз фиребкории Каримов шикоят кардааст.
Ӯ арз доштааст, ки моҳи январи соли 2016 дар назди чойхонаи “Роҳат”, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Одинаев Карим, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
“Ҳамин тариқ, Одинаев Карим моҳи январи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Холмуродов Беҳзод, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт, даромада аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, Карим Одинаев бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2016 ба боварии Раҷабов Паҳлавӣ, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, даромада аз ӯ 23000 доллари амрикоӣ гирифта, ин маблағро низ то ҳол бозпас надодааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.