Омӯзгор Фарзона Темурова дар Ёвон беҳтарин китобхон дониста шуд

Мақомоти вилояти Хатлон эълон намуданд, ки омӯзгор Фарзона Темурова дар Ёвон барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дониста шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik.Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон ба барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар ноҳияи Ёвон омӯзгор Фарзона Темурова ду ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ва ташкили фестивали ҷумҳуриявӣ

Тавре манбаъ қайд намудааст, ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ёвон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор шуд.

Ҷалби сокинони пойтахт ба китобхонӣ: дар Душанбе намоишгоҳи китоб баргузор мешавад

Раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода зимни табрики ғолибон аз нафароне, ки дар ин маросим ҳузур доштанд, даъват кард, ки онҳо ҳамсолон ва ёру рафиқони худро ба китобдӯстию китобхонӣ ташвиқ намоянд.

Вазири фарҳанг: дар ҷомеаи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

Манбаъ таъкид намуд, ки мақомоти ноҳия барои бо мукофотҳо сарфароз намудани беҳтарин китобхонҳо 10 ҳазор сомонӣ ихтисос дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.