Нишасти ҳавопаймои Душанбе – Маскав дар миёнароҳ ба далели вазъи саломатии сарнишин

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авилинии”, ки дар масири Душанбе – фурудгоҳи Жуковскийи Маскав парвоз дошт дар миёнароҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ҳавопаймо, ки аз шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский парвоз дошт, ба далели бад шудани вазъи саломатии сарнишин - духтарчаи хурдсол, дар Оренбург фуруд омадааст, хабар дод РИА Новости бо такя ба дафтари матбуоти ширкати “Уралские авиалинии”.

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар киштзор баъди парвоз аз фурудгоҳи Жуковский

Манбаъ афзуд, вазъи саломатии мусофири ноболиғ, соли таваллудаш 2006 ҳангоми парвоз бад шуд ва фармондеҳи ҳайати халабонҳо тасмим гирифтааст, ки нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

“Ҳангоми парвози рақами U6 2424 дар масири Душанбе – Жуковский вазъи саломатии духтарчаи мутаваллиди соли 2006 ба далели кори номуназзами қалб бад шуд. Барои расондани кумаки тиббии зарурӣ фармондеҳи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки нишасти маҷбурӣ дар наздиктарин фурудгоҳ дар Оренбург анҷом диҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Ширкат илова намудааст, ки дар фурудгоҳ бемори ноболиғро ҳайати табибон пешвоз гирифтанд ва ӯро дар беморхона бистарӣ намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта нишасти изтирории дигар дар фурудгоҳи Нур-Султони Қазоқистон сурат гирифт. Тибқи иттилои мақомоти қазоқ, ҳавопаймо, ки аз Чин парвоз дошт, ба далели осеби чархҳо дар Нур-Султон нишасти изтирорӣ анҷом дод. Манбаъ таъкид намуд, ки зимни нишаст касе осеб надид.