Камабру бебориш: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро дар Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар ҳаво камабру бебориш шуда, ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои вилояти Суғд низ тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.